Интиқолҳои аввалини озмоишӣ бомуваффақият гузаронида шуданд

Бойгонии ахбор
11.03.2014

Интиқолҳои аввалини озмоишӣ бомуваффақият гузаронида шуданд

    Дар доираи татбиқи лоиҳаи бонкдории мобилӣ марҳилаи дуюми он – таҳияи корти технологии амалиётҳо омода ва озмоишҳои интиқолҳои аввалин аз ҷониби иштирокдорони барномаи пилотӣ - ҶСК «Агроинвестбонк» ва ҶДММ ТАҚХ «Авфар» бомуваффақият гузаронида шуданд.
    ҶСП ТАҚХ «Имон Интернешнл» ва ҶДММ ТАҚХ «Арванд», ки аз иштирокдорони дигари лоиҳаи мазкур мебошанд, омода намудани низомҳои иттилоотии худро давом дода, барои амалӣ кардани бонкдории мобилӣ бо дигар ташкилотҳо ҳамкориро ба роҳ монданд.
    Дар назар аст, ки дар марҳилаи сеюм санадҳои меъёрии ба бонкдории мобилӣ вобастабуда, таҳияи мешаванд ва аз ҷониби иштирокдорони барномаи пилотӣ регламентҳои дохилии амалиётҳои бонкдории мобилӣ пешниҳод мегарданд.
    Хотиррасон менамоем, бо назардошти қарори ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба андешидани чораҳо барои рушди низоми пардохт, ки дар Бонки миллӣ баргузор гардид, дар марҳилаи якум руйхати амалиётҳое, ки аз ҷониби муштариён тариқи воситаҳои алоқаи мобилӣ ва аз ҷониби воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзӣ анҷом дода мешаванд, муқаррар гардида буданд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку