Қурбҳои асъори хориҷӣ каме баланд шуданд

Бойгонии ахбор
20.03.2014

Қурбҳои асъори хориҷӣ каме баланд шуданд

    Ҳафтаи равон қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна ба 4,9730-4,9910 сомониро ташкил намуд.
    Дар ин давра қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро низ каме баланд ва 0,1350-0,1360 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 6,7858-6,8085 сомонӣ ба як евро баробар шуд.
    Ва ниҳоят, имрӯз, 20 март қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,9780-4,9990 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,9750-4,9850 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,9800-5,0000 сомониро ташкил дод.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку