Талабот ба қарз қонеъ мегардад

Бойгонии ахбор
02.04.2014

Талабот ба қарз қонеъ мегардад

    Бақияи умумии қарзҳо дар ташкилотҳои қарзии кишвар дар моҳи феврали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,7 фоиз зиёд гардида, 7’876,5 млн. сомониро ташкил кард. Аз ҷумла, 3’200,6 млн. сомониро қарзҳо бо пули миллӣ ва 4’675,9 млн. сомониро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил доданд.
    Фоизи миёнавазни қарзҳо дар моҳи феврал бо пули миллӣ 26,58 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 22,47 фоизи солонаро ташкил намуданд.
    Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ афзун гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 31,9 фоиз зиёд шуданд. Аз ин ҳисоб ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон 178,4 млн. сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31,8 фоиз зиёд мебошад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку