Таварруми семоҳа - 2,4 фоиз

Бойгонии ахбор
11.04.2014

Таварруми семоҳа - 2,4 фоиз

    Таваррум, ки яке аз нишондиҳандаи муҳими макроиқтисодӣ ба шумор меравад, дар семоҳаи аввали соли равон каме афзуд. Бино ба маълумоти расмӣ сатҳи таваррум дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ 2,4 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,2 банди фоизӣ зиёд мебошад.
   Вале таҳлили тағйирёбии ин нишондиҳанда нишон дод, ки дар 12 моҳи охир таваррум 4,8 фоиз ташкил намуд ва он дар қиёс ба ҳамин даври соли гузашта 1,7 банди фоизӣ кам мебошад.
    Нишондиҳандаи дигар - меъёри бозтамвил аз 10 январи соли равон баъди бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба андозаи 0,7 банди фоизӣ паст шуданаш 4,8 фоизи солонаро ташкил медиҳад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку