Қурби долл. ИМА дар охири ҳафтаи гузашта каме паст шуд

Бойгонии ахбор
16.04.2014

Қурби долл. ИМА дар охири ҳафтаи гузашта каме паст шуд

    Дар охири ҳафтаи гузашта қурби долл. ИМА нисбат ба сомонӣ каме паст шуда, фуруши он аз 5,0350 то 5,0200 сомонӣ коҳиш ёфт.
    Ба ин тамоил фуруши иловагии асъор аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ дар бозори нақдии асъор дар давоми ҳафтаи гузашта мусоидат намуданд.
    Баланд шудани қурби долл. ИМА дар ҳафтаи гузашта ба омилҳои мавсимӣ, ки анъанавӣ ба моҳҳои апрел ва май рост меояд, фаъол шудани амалиётҳои иқтисоди хориҷӣ ва тағйир ёфтани қурби асъорҳои минтақа, алалхусус рубли русӣ, алоқаманд мебошад.
    Имрӯз қурби миёнаи долл. ИМА дар ш. Душанбе ба 5,0100-5,0300 сомонӣ, ш. Хуҷанд ба 5,0200-5,0300 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа ба 5,0200-5,0300 сомонӣ баробар шуд. Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ давом додани ин амалияро барои таъмини муътадилии қурб дар назар доранд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку