17.04.2014
Иҷозатнома ва Шаҳодатнома бозхонд шуданд
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарорҳои навбатии худ аз 17 апрели соли равон бинобар сабаби ба муҳлати тӯлонӣ фаъолият накардан ва зиёновар буданашон иҷозатномаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти қарзии хурди «Субҳи Урметан» ва шаҳодатномаи Фонди қарзии хурди «Ҳафт Ганҷ»-ро бозхонд намуд ва дар бораи барҳамдиҳии ҷамъият ва фонди мазкур ба суд аризаҳо пешниҳод карда шуданд.
Тибқи қарорҳои боло иҷозатнома ва шаҳодатномаи ташкилотҳои номбурда бозпас гирифта шуда, номи онҳо аз Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд хориҷ карда мешаванд.
Хадамоти матбуоти
БМТ