Пасандозҳои шахсони воқеӣ зиёдтар шуданд

Бойгонии ахбор
22.04.2014

Пасандозҳои шахсони воқеӣ зиёдтар шуданд

    Хурсандиовар аст, ки сол то сол ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳои ҷумҳурӣ тамоюли зиёдшавиро идома дода истодаанд. Масалан, тавре аз маълумоти расмӣ бармеояд, бақияи пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дар интиҳои моҳи марти соли равон 5’647,8 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,5 фоиз зиёд мебошад.
    Таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо нишон дод, ки 32,6 фоиз (ё 1’840,3 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 67,4 фоиз (ё 3’807,5 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил намуданд, ки аз баланд шудани боварии мардум ба бонкҳо шаҳодат медиҳад.
    Дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ фоизҳои миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,49 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 12,11 фоизи солонаро ташкил намуданд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку