Қаблан ба ширкатҳои аудиторӣ иҷозатномаҳои бе рақам дода мешуданд

Бойгонии ахбор
23.04.2014

Қаблан ба ширкатҳои аудиторӣ иҷозатномаҳои бе рақам дода мешуданд

Ҷавоб ба мақолаи "Аудити Амонатбонк ғайриқонунӣ буд!"-ро, ки 27 марти соли равон дар ҳафтаномаи "СССР", (№13) ба нашр расидааст.    

    Бонки миллии Тоҷикистон роҷеъ ба мактуби Шумо аз 31 марти соли 2014, №5 дар мавриди бо иҷозатномаи бе рақами Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият намудани ҶДММ «Делойт ва Туш» (Ҷумҳурии Тоҷикистон) иттилоъ медиҳад, ки қаблан, яъне дар солҳои аввали истифодаи ин таҷрибаи байналхалқӣ ба ширкатҳои аудиторӣ иҷозатномаҳо барои фаъолияти аудиторӣ бе рақам дода мешуданд.
    Дар айни замон, иҷозатномаҳо мутобиқи талаботи Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» аз 3.04.с.2007, №172 дар матбаа чоп карда шуда, бо рақам дода мешаванд.
    Тибқи талаботи Низомномаи мазкур ба ҶДММ «Делойт ва Туш» (Ҷумҳурии Тоҷикистон) иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ ба муҳлати панҷ сол 26 декабри соли 2013 таҳти рақами (БМТ №0000019) дода шудааст.
    Дар асоси иҷозатномаҳои гирифташуда ва талаботи қонуни дар ҳамон вақт амалкунанда (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ») аудити БДА ҶТ «Амонатбонк» аз ҷониби ҶММ «Делойт ва Туш» (Ҷумҳурии Қирғизистон) 2 маротиба (солҳои 2006-2007) ва ҶДММ «Делойт ва Туш» (Ҷумҳурии Тоҷикистон) 3 маротиба (2008-2010) гузаронида шуда, нусхаи хулосаҳои аудиторӣ аз тарафи БДА ҶТ «Амонатбонк» ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд. Қобили зикр аст, ки ҶДММ «Делойт ва Туш» бе танаффус зиёда аз 5 маротиба аудити БДА ҶТ «Амонатбонк»-ро анҷом надодааст, яъне ҶДММ «Делойт ва Туш» талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон накардааст.
    Қайд кардан ба маврид аст, ки мутобиқи қисми 4 моддаи 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» (аз 19.05.с.2009, №524) муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» нисбат ба ташкилотҳои аудиторие, ки аудити ташкилотҳои қарзиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, бо назардошти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» татбиқ мегардад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку