15.05.2014
Тағйирёбии қурбҳои асъори хориҷӣ дар бозори дохилии асъор
Дар давоми ҳафтаи равон қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна ба 5,0827-5,1010 сомонӣ баробар шуд.
Дар ин рӯзҳо қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро низ андаке баланд шуда, 0,1432-0,1442 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 6,9580-6,9798 сомонӣ ба як евроро ташкил намуд.
Имрӯз, 15 май қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ба 5,0850-5,1050 сомонӣ, ш. Хуҷанд ба 5,0900-5,1000 сомонӣ ва ш. Қурғон-теппа ба 5,1000-5,1100 сомонӣ баробар аст.
Хадамоти матбуоти
БМТ