Таваррум дар моҳи апрел - 1,3 фоиз

Бойгонии ахбор
16.05.2014

Таваррум дар моҳи апрел - 1,3 фоиз

    Бинобар маълумоти расмӣ дар моҳи апрели соли равон таваррум 1,3 фоизро ташкил намуд. Дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ ин нишондиҳандаи муҳими макроиқтисодӣ 3,7 фоиз баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3 фоиз зиёд аст. Сатҳи таваррум дар зарфи 12 моҳи охир бошад, 6,1 фоизро ташкил дод.
    Меъёри бозтамвил дар интиҳои моҳи апрел чун моҳҳои пешини соли ҷорӣ дар сатҳи 4,8 фоиз қарор дорад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку