Озмун барои интихоби тарҳи тангаҳои хотиравӣ

Бойгонии ахбор
16.05.2014

Озмун барои интихоби тарҳи тангаҳои хотиравӣ

     Бонки миллии Тоҷикистон барои таҳияи тарҳи тангаҳои хотиравӣ бахшида ба 600-солагии шоир ва мутафаккири адабиёти классикии тоҷику форс Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, 700-солагии шоир файласуф ва мутафаккири асри XIV Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд.     
    Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд пешниҳоди худро то 30 майи соли 2014 ба нишонии: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 107А бо қайди «Ба озмуни тарҳи тангаҳои хотиравӣ» дар рӯи лифофа манзур намоянд. Маводҳои пешниҳодшаванда бояд бо назардошти талаботи шартҳои озмун, ки дар замима оварда шудаанд, омода гарданд.
    Ҷамъбасти озмун 2 июни соли 2014, соати 10-00 дар маҷлисгоҳи Бонки миллии Тоҷикистон, бо нишонии шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 107А баргузор мешавад.
    Телефон барои маълумот: +(992) 44-600-31-21. 

Замима

Шартҳои озмун барои таҳлили тарҳи тангаҳои хотиравӣ

    1. Дар паси ҳамаи тангаҳои хотиравӣ Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҷойгир карда шавад.
    2. Бахшида ба 600-солагии шоир ва мутафаккири адабиёти классикии тоҷику форс Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ:
    - дар рӯйи танга расми А.Ҷомӣ (ҳатмӣ) ва вобаста ба тахайюлоти рассом дигар чизҳо (китоб, хома ва ғайра) имкони илова намуданро дорад. Соли таваллуд ва вафот ҳатмӣ аст.
    3. Бахшида ба 700-солагии шоир, файласуф ва мутафаккири асри XIV Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ:
- дар рӯйи танга расми Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (ҳатмӣ) ва дигар иловаҳоро имконпазир аст. Соли таваллуд ва вафот ҳатмӣ аст.
    4. Бахшида ба 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон:
    - дар рӯйи танга адади 20-сол бо ададҳои римӣ ё арабӣ (ҳатмӣ). Дигар чизҳо (китоб, харитаи кишвар ва ғайра) дар ин мавзӯъ имкони илова намудан дорад.
    5. Бахшида ба 90-солагии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе:
    - дар рӯйи танга адади 90-сол бо ададҳои римӣ ё арабӣ (ҳатмӣ), расми иншоотҳои навин ё таърихӣ, ҳайкалҳо, биноҳои маъмурӣ ё таърихии дар шаҳри Душанбе имкони илова намуданро дорад.
    Арзиш (номинал) бо сомонӣ дар рӯйи ҳамаи тангаҳо бо хоҳиши иштирокчии озмун нишон дода шавад (ҳатмӣ) (арзиш баъдан муайян карда мешавад).

Хадамоти матбуоти
БМТ                                                                                               15 маи с. 2014

Возврат к списку