20.05.2014
Меъёри бозтамвил ба андозаи 1,1 банди фоизӣ тағйир ёфт
Бо Қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2014 меъёри бозтамвил ба андозаи 1,1 банди фоизӣ баланд ва дар сатҳи 5,9 фоизи солона муқаррар гардид.
Тағйироти навбатӣ бо назардошти коҳишёбии рушди иқтисодиёт дар кишварҳои шарикони асосии тиҷорат, ки бештар ба номуайянии бозорҳои молиявии ҷаҳонӣ алоқаманд мебошад, инчунин барои пешгирии таъсири манфии омилҳои берунӣ ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва бо мақсади таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот ворид карда шудааст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки маротибаи аввал имсол меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон 10 январи соли равон ба андозаи 0,7 банди фоизӣ паст ва дар сатҳи 4,8 фоизи солона муқаррар шуда буд.
Хадамоти матбуоти
БМТ