22.05.2014
Қурбҳои асъори хориҷӣ дар ҳолати тағйирёбӣ қарор доранд
Тайи ҳафтаи ҷорӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА андаке баланд шуда, ба ҳисоби миёна 5,1035-5,1215 сомониро ташкил намуд.
Ҳамчунин дар ин давра қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро низ каме баланд шуда, 0,1465-0,1475 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 6,9570-6,9830 сомонӣ ба як евро баробар шуданд.
Имрӯз, 22 май қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 5,1090-5,1280 сомонӣ, ш. Хуҷанд 5,1200-5,1300 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 5,1000-5,1200 сомониро ташкил дод.
Хадамоти матбуоти
БМТ