22.05.2014
Даъватнома барои иштирок дар озмуни хариди таҷҳизот
Бонки миллии Тоҷикистон шахсони ҳукуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро (минбаъд - молрасонҳо) барои ширкат дар озмун оид ба таҳвил намудани таҷҳизот ба Бонки миллии Тоҷикистон даъват менамояд.
Тавсифи муфассали таҷҳизоти харидшаванда ва шартҳои қарордод, ҳамчунин расмиёти озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ зикр ёфтааст, ки он баъд аз пардохти маблағи бебозгашт - 100 сомонӣ ба хазинаи Бонки миллии Тоҷикистон ва дархости хаттии молрасон ба вай пешниҳод карда мешавад.
Барои иштирок дар озмун сари вақт пешниҳоди дархости тендерӣ зарур аст. Дархостҳое, ки мутобиқи талаботи ҳуҷҷатҳои тендерӣ тартиб дода шудаанд, бояд на дертар аз 29 майи соли 2014, то соати 14:00 ба нишонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003, ш.Душанбе, хиёбони Рудакӣ, 107A пешниҳод карда шаванд.
Сана ва вақти кушодани дархост: 30 майи соли 2014, соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Бонки миллии Тоҷикистон, бо нишонии ш.Душанбе, хиёбони Рудакӣ, 107A.
Телефон барои маълумот: (+992) 44-600-32-65
Хадамоти матбуоти
БМТ