Ҳаҷми қарзҳои ташкилотҳои қарзии ба аҳолии ВМКБ додашуда ба таври назаррас афзуд

Бойгонии ахбор
23.05.2014

Ҳаҷми қарзҳои ташкилотҳои қарзии ба аҳолии ВМКБ додашуда ба таври назаррас афзуд

Ҷавоб ба номаи соҳибкорону тоҷирони Бадахшон «Моро кӣ муфлис мекунад: ҳукумат ё бонк», ки 5 марти соли равон дар ҳафтаномаи «Нигоҳ» нашр шудааст.

    Қабл аз ҳама, бо арзи эҳтиром ба соҳибкорону тоҷирони Бадахшон изҳор менамоем, ки Бонки миллии Тоҷикистон салоҳияти ба шахсони ҳуқуқӣ ё воқеӣ пешниҳод ва ё додани қарзро надорад. Зеро мақсади асосии он ноил шудан ва нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ дар давраи дарозмуҳлат мебошад. Мақсадҳои иловагии Бонки миллии Тоҷикистон бошад, инҳоянд: - таъмини устувории низоми бонкии давлат; - мусоидат ба фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохт.
    Сониян, ба маълумотатон мерасонем, ки дар давоми ду соли охир ҳаҷми қарзҳои аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд ба аҳолии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) додашуда ба таври назаррас афзудааст. Барои мисол, агар дар соли 2012 ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳои вилоят 105 758 ҳазор сомонӣ қарз дода шуда бошад, дар соли 2013 ин рақам ба 154 752 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки назар ба соли қаблӣ қариб 49 млн. сомонӣ зиёд аст. Агар ба сохтори қарзҳои додашуда аз рӯи соҳаҳо назар андозем, маълум мешавад, ки маблағҳо ба соҳаҳои муҳими иқтисодиёт, аз қабили кишоварзӣ, саноат, сохтмон, хизматрасонӣ, истеъмолот ва савдои хориҷӣ дода шудаанд. Меъёри фоизҳои миёнавазн аз рӯи қарзҳо бо пули миллӣ дар соли 2013 аз 25,97% то 23,27% коҳиш ёфт. Бо асъори хориҷӣ бошад, нишондиҳандаи мазкур аз ин ҳам пасттар шуд.
    Ҳамчунин солҳои охир дар самти ҷалби пасандозҳои шахсони ҳуқуқию воқеии вилояти номбурда ба ташкилотҳои қарзии минтақавӣ нишондиҳандаҳои хуб ба даст омадаанд. Масалан, дар соли 2012 пасандозҳо дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ маблағи 959’524,2 ҳазор сомониро ташкил дода буданд. Дар соли 2013 бошад, ин нишондиҳанда ба 1’173 202,4 ҳазор сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба як соли пеш аз ин 213’678,2 ҳазор сомони зиёдтар аст. Афзоиши бомароми пасандозҳои мардум дар бонкҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки эътимоди мардум ба низоми бонкии ҷумҳурӣ рӯз ба рӯз қавитар мегардад. Илова бар ин, зиёд шудани амонатҳо имконият медиҳад, ки дастрасии аҳолӣ ба захираҳои қарзӣ, яъне сари вақт гирифтани қарз аз ҷониби онҳо таъмин карда шавад.
    Албатта, имрӯз дар соҳаи бонкдорӣ, махсусан дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон дигаргуниҳо ба чашм мерасанд, барои беҳтар кардани хизматрасонӣ ба мардум шуъбаю филиалҳои нави бонкҳо кушода шудаанд, шумораи муштариёни ташкилотҳои қарзӣ ба маротиб афзудаанд. Пӯшида нест, ки дар он ҷое, ки кор аст, камбудӣ ё норасоиҳо баъзан мушоҳида мешаванд. Дар шуъбаю намояндагиҳои ташкилотҳои қарзии ВМКБ камбудиҳои марбут ба нарасидани кадрҳои баландихтисос, техникӣ ва беҳтар кардани сатҳи хизматрасонӣ мавҷуд ҳастанд. Дар ин самт корҳо барои ислоҳи камбудиҳо идома доранд.
     Аз он ҷумла, масъалаи паст кардани фоизи қарзҳои бонкӣ, соддаю дастрас кардани пешниҳоди қарзҳо, ҷалби ҳарчи бештари пасандозҳо бо фоизҳои муносиб ҳамеша дар мадди назари Бонки миллии Тоҷикистон қарор дорад.
    Инчунин бо мақсади васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба захираҳои қарзӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии бонкӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, алалхусус дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ва дар ин замина зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон «Тартиби таъсиси воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо» қабул карда шуд. Акнун ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо метавонанд берун аз маҳали воқеъгардидаи худ марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои мубодилаи асъор, нуқтаҳои интиқоли пул ва воҳиди сайёр таъсис диҳанд.
    Илова бар ин, бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд имконият пайдо карданд, ки бо ҷалби бештари пасандозҳо ва васеъ намудани фазои хизматрасонии бонкӣ ба муштариёни худ шароити беҳтар муҳайё намоянд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку