05.06.2014
Қурби долл. ИМА дар ҳафтаи равон андаке паст шуд
Дар давоми ҳафта қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ каме паст шуда, ба ҳисоби миёна то ба 5,1050-5,1250 сомонӣ фаромад.
Қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро низ андаке паст шуда, ба 0,1450-0,1460 сомонӣ барои як рубли русӣ, ба 6,9200-6,9440 сомонӣ барои як евро баробар шуд.
Имрӯз, 5 июн қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ба 5,1040-5,1230 сомонӣ, ш. Хуҷанд ба 5,1000-5,1150 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа ба 5,1000-5,1200 сомонӣ баробар аст.
Хадамоти матбуоти
БМТ