Пешрафти фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм

Бойгонии ахбор
24.06.2014

Пешрафти фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм

    Аз 16 то 20 июни соли 2014 дар дар ш.Москва (Федератсияи Россия) 20-умин ҷаласаи Пленарии Гурӯҳи Евросиё дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм баргузор гардид.
    Дар соли 2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди баҳогузории Бонки Ҷаҳонӣ бинобар мутобиқ набудани қонунгузории ҷумҳурӣ ба тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул (ФАТФ) ва мавҷуд набудани мақоми махсуси ваколатдор дар ин самт таҳти реҷаи «мониторинги қатъӣ»-и Гурӯҳи Евросиё қарор гирифт.
    Барои баромадан аз ин реҷаи махсус тибқи тартиби кории Гурӯҳи мазкур ҷумҳурӣ соле ду маротиба дар ҳар як ҷаласаи Гурӯҳи Евросиё ҳисоботи муфассалро доир ба корҳои иҷрошуда пешниҳод менамуд ва ин ҳисобот аз ҷониби котиботи ин Гурӯҳ баррасӣ ва баҳогузорӣ мегардид.
    Ҳисоботи муфассали сесолаи ҷумҳурӣ дар ҷаласаи навбатӣ аз ҷониби коршиносон – баҳогузорон муҳокима гардид. Тибқи хулоса ҳисоботи ҷумҳурӣ бинобар мутобиқ гардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсияҳои ФАТФ ва амалан мавриди истифода қарор гирифтани онҳо қобили қабул шуморида шуда, мусбат арзёбӣ гардид.
    Дар натиҷаи корҳои басомонрасонида шуда, мутобиқи изҳороти умумии ҷаласаи Пленарии 20-уми Гурӯҳи Евросиё Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳти реҷаи «мониторинги қатъӣ» бароварда шуда, ба реҷаи «мониторинги муқаррарӣ» дохил карда шуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку