Қурби долл. ИМА дар давоми ҳафта каме паст шуд

Бойгонии ахбор
03.07.2014

Қурби долл. ИМА дар давоми ҳафта каме паст шуд

    Дар давоми ҳафта қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъорӣ ҷумҳурӣ андаке паст шуда, ба ҳисоби миёна то ба 5,0190-5,0390 сомонӣ фаромад.
   Қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ бошад бетағйир боқӣ монда, ба 0,1455-0,1465 сомонӣ барои як рубли русӣ, қурби амалиётҳо бо евро бошад каме баланд шуда ба 6,8288-6,8690 сомонӣ барои як евро баробар шуд.
    Имрӯз, 3 июл қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ба 5,0105-5,0340 сомонӣ, ш. Хуҷанд ба 5,0100-5,0150 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа ба 5,0100-5,0300 сомонӣ баробар аст.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку