04.07.2014
Рушди низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм
Дар интиҳои моҳи июни соли ҷорӣ дар дар ш. Париж (Фаронса) ҷаласаи Пленарии Гуруҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ) баргузор гардид, ки дар он аз ҷумла вазъи низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар давраи сипаригардида Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни соҳавиро қабул намуда, ҳамзамон як қаттор санадҳои қонунгузориро ба талаботи Гуруҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ) мутобиқ намуд.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти мавқеи Гуруҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ) омода гардиданд, ки қабули онҳо ба тақвияти низоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои уҳдадориҳои соҳавӣ аз рӯи Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба муқовимат ба софкории пул ва мубориза бо маблағгузории терроризм нигаронида шудаанд.
Барои тадбирҳои андешидашуда дар самти такмили қонунгузорӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар амалҳо аз ҷониби Гуруҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланди мусбӣ дода шуд.
Дар изҳороти расмии Гуруҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ) пешравии назарраси Тоҷикистон дар ин самт баён карда шуда, қарорҳо ва чораҳои зарурии дахлдор барои баланд бардоштани мавқеъи кишвар, аз ҷумла ташрифи намояндагони Гуруҳи мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баҳодиҳии корҳои басомонрасонидашуда қабул шудааст.
Департаменти
мониторинги молиявӣ