Семинар-машварат бо намояндагони нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсӣ

Бойгонии ахбор
29.07.2014

Семинар-машварат бо намояндагони нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсӣ

    Ба хотири беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор, таъмини сифати баланди хизматрасонӣ ба аҳолӣ 25 июли соли равон семинар-машварат барои намояндагони нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсии ш.Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи марказ баргузор гардид.
     Бо ин мақсад масъулини Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи паҳлуҳои гуногуни тартиби барасмиятдарории амалиётҳои мубодилавӣ, тартиби анҷомдиҳии ин фаъолият муҳокимаҳои назариявӣ ва амалӣ доир намуданд.
    Аз ҷумла, қайд гардид, ки мубодилаи асъор танҳо дар нуқтаи мубодила анҷом дода мешавад ва анҷом додани ин намуди амалиёт дар ҷои дигар манъ аст. Риоя накардани талаботи мазкур вайрон кардани муқаррарот буда, шахсони масъул мутобиқи қонунгузории ҷумҳурӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
    Дар ҷараёни мулоқоти номбурда инчунин мавзӯи иҷро намудани талаботи меъёрҳои пешгирӣ намудани қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ҳангоми анҷомдиҳии амалиётҳои мубодилаи асъор муҳокима ва баррасӣ гардиданд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку