06.08.2014
Қонун мавриди амал қарор дода мешавад
Дирӯз, 5 август дар нашрияи расмии “Ҷумҳурият” Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” ба нашр расид ва он мавриди амал қарор дода мешавад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки аллакай маҷмӯи чорабиниҳои зарурӣ барои татбиқ кардани қонуни номбурда андешида шуда истодаанд. Барои амалӣ намудани чорабиниҳои боло таҳияи санадҳои меъёрӣ барои танзим намудани кори ташкилотҳои қарзие, ки мехоҳанд дар асоси рукнҳои бонкдории исломӣ фаъолият намоянд, лозим аст.
Дар ин ҷода байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд барои таҳияи санадҳои меъёрии зарурӣ оид ба татбиқи фаъолияти бонкии исломӣ ва ҷудо намудани як кӯмаки техникӣ (грант) машварату гуфтушунидҳо идома доранд.
Ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд бо Бонки исломии рушд имконият медиҳанд, ки гуруҳи мутахассисони яке аз ширкатҳои машваратии байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон санадҳои меъёрии заруриро барои дар амал ҷорӣ намудани фаъолияти бонкии исломӣ таҳия намоянд.
Хадамоти матбуоти
БМТ