Сабабҳои аз кор рафтани мутахассисон зиёданд

Бойгонии ахбор
19.08.2014

Сабабҳои аз кор рафтани мутахассисон зиёданд

Ҷавоб ба саволи хабарнигори Оҷонсии иттилоотии TojNews Муллораҷаб Юсуфӣ

    - Чунин маълумот расид, ки якчанд мутахассиси Бонки миллии Тоҷикистон аз вазифаҳояшон истеъфо додаанд. Сабаби истеъфои онҳо дар чист?
    Дар ибтидо бояд гӯем, ки сабабҳои аз кор рафтани мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон зиёданд.
    Дар маҷмӯъ, дар 7 моҳи соли равон дар низоми Бонки миллии Тоҷикистон 106 нафар корманд бо сабабҳои гуногун аз кор рафтанд. Сабабҳои асосии он чунинанд:
    1.Аксарияти кормандон мутобиқи моддаи 45 Кодекси меҳнати ҶТ, бо хоҳиши худ аз кор рафтанд.
    2.Қисме аз кормандон дар чорчубаи талаботи қонунгузорӣ оиди мубориза бар зидди хешутаборчигӣ, ошнобозӣ, маҳалчигӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб аз кор рафтанд.
    3.Як зумраи дигари кормандон бинобар амалӣ намудани тартиби ҷойивазкунии кормандон дар низоми бонкӣ, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон аз кор озод ва ба вазифаҳои дигари масъул таъин гардиданд.    
    4.Ҳамчунин шумораи муайяни мутахассисон, бинобар сабаби расидан ба синни нафақа аз кор рафтанд.
    5. Илова бар ин мутахассисони соҳибтаҷрибаи бонк дар бисёр мавридҳо барои иҷрои вазифаҳои пурмасъул ба низоми бонкии кишвар, яъне ба дигар ташкилотҳои қарзӣ сафарбар карда мешаванд. Барои мисол, баъзе мутахассисоне, ки сатҳи баланди дониш доранду дар вазифаи худ ба комёбиҳо ноил гардидаанд, аз ташкилотҳои қарзи дар маҳал мавҷудбуда барои идомаи кор ба Сарбонк даъват карда мешаванд. Дар ҳолатҳои зарурӣ ҳамчунин мутахассисҳои баландихтисоси Сарбонк барои дастгирии бонкҳои маҳаллӣ ва табодули таҷриба ба шуъбаҳои бонкҳо сафарбар карда мешаванд ва ин таҷриба натиҷаҳои хуб дода истодааст.
    Ба ғайр аз ин, барои тарки вазифа ё ҷойи кор намудан метавонад сабабҳои дигар низ, аз қабили иваз намудани маҳали зист, тағйири вазифа ва ё касб, таъин шудан ба вазифаҳои баландтар дар соҳаҳои дигари иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва ғайра вуҷуд дошта бошанд.
    Қайд кардан зарур аст, ки раванди ҷойивазкунии кормандон на танҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон, балки дар низоми бонкии кишвар, аз ҷумла дар БДА “Амонатбонк” ва ҶСК “Агроинвестбонк” шуруъ шуда, айни замон давом дорад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку