28.08.2014
Қадамҳои устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақвияти соҳаи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм
Пешравии Тоҷикистон дар асоси қарори Гурӯҳи махсуси кории ФАТФ марбут ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (ICRG) вобаста ба татбиқи пурраи Нақшаи чорабиниҳо оид ба мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Тавсияҳои ФАТФ эътироф карда шуд.
Дар нашрияи мазкур (www.fatf-gafi.org) омодагии Гурӯҳи зикргардида барои баланд намудани баҳогузории низоми миллии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм тибқи тартиби муқарраршуда дарҷ гардидааст.
Пешравии мазкур қабл аз ҳама натиҷаи ҳамкории муташаккилонаи мақомоти марбутаи давлатӣ мебошад, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳ тавонистанд барои тақвияти низоми миллӣ мусоидат намоянд.
Хадамоти матбуоти
БМТ