Бақияи умумии қарзҳо 32,1 фоиз зиёд шудааст

Бойгонии ахбор
28.08.2014

Бақияи умумии қарзҳо 32,1 фоиз зиёд шудааст

    Тибқи маълумоти омори бонкӣ дар моҳи июли соли ҷорӣ бақияи умумии қарзҳо 8’854,4 млн сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,1 фоиз зиёд мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин давра раванди афзоиши қарзҳои дарозмуҳлат идома ёфта, 3’816,1 млн. сомониро ташкил дод ва ҳиссаи он дар бақияи умумии қарзҳо назар ба ҳамин давраи соли гузашта 7,2 фоиз зиёд гашт.
    Ҳамчунин қайд кардан зарур аст, ки ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда низ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 29,1 фоиз афзуд. Аз ин маблағ 657,2 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,0 фоиз зиёд мебошад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку