Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори оҷонсии “Рейтер” Роман Кожевников
- Ба андешаи Шумо, кадом бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон омода ва ё ҳавасманданд, ки бо маҳсулотҳои бонкдории исломӣ кор кунанд? Тавре Шумо огоҳ ҳастед, бо мақсади амалӣ намудани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва рушди маблағгузории исломӣ дар ҷумҳурӣ, Бонки миллии Тоҷикистон бо дастгирии Бонки Исломии Рушд ва дар ҳамкорӣ бо Ширкати машваратии байналмилалии “Zaid Ibrohim & Co” (Малайзия) лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкдории исломӣ”-ро таҳия намуд ва он 14 майи соли равон аз ҷониби Парламенти Тоҷикистон қабул гардид.
Дар ҷумҳурӣ талабот ба маблағгузорӣ ба иқтисодиёт бузург мебошад ва интизорӣ меравад, ки бонкдории исломӣ ба васеъ кардани доираи амалиёти бонкӣ, пайдо намудани манбаъҳои нави ҷалби сармояи хориҷӣ, инчунин амонатҳои дохилӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар мавриди ҳавасмандии ташкилотҳои қарзӣ метавон гуфт, ки қисми зиёди бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиши кор кардан бо маҳсулотҳои бонкдории исломиро доранд.
Илова бар ин, Гуруҳи кории БМТ оид ба омода намудани лоиҳаи санадҳои меъёрӣ ва татбиқи меъёрҳои бонкдории исломӣ дар ҷумҳурӣ фаъолият дорад.
Дар айни замон, ҶСК “Агроинвестбонк” тибқи созишномаи маблағгузорӣ бо Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ, ки 5 июли соли 2007 баста шудааст, як намуди амалиёти хизматрасонии “Мурабаҳа”-ро гузаронида истодааст.
- Бонки миллӣ барои ҷалби маблағҳои қарзӣ ё ворид шудани бонкҳои Шарқи наздик ба бозори Тоҷикистон, ки ба рушди бонкдории исломӣ ҳавасманд ҳастанд, мусоидат мекунад? То имрӯз пешниҳоду дархостҳо ба Тоҷикистон ворид шудааст? Бонки миллии Тоҷикистон яке аз ташаббускорони таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бонкдории исломӣ” буд ва айни замон барои омода намудани лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба якчанд санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ кор бурда истодааст.Қабули тағйироту иловаҳо ба ин санадҳо барои ташкили механизми танзими бонкдории исломӣ мусоидат хоҳад кард.
Бо назардошти таҷрибаи пешқадами аксари мамлакатҳои олам, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Хитой, Русия, Озарбойҷон, Қирғизистон ва Қазоқистон, ки усули бонкдории исломиро дар низоми бонкии кишварҳои худ ҷорӣ намудаанд, Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро бо шарикони байналхалқӣ ва сармоягузорони хориҷӣ ҷиҳати ҷалби бештари қарзҳои имтиёзнок ва грантҳо ба иқтисодиёти кишвар идома медиҳанд.
- Оё Тоҷикистон мисли Қазоқистон барориши вомбаргҳои исломиро ба нақша мегирад? Баррасии масъалаи барориши вомбаргҳои исломӣ танҳо дар сурати таъсис ёфтани бонкҳои исломӣ дар Тоҷикистон ё “равзанаи исломӣ” дар ташкилотҳои қарзии амалкунанда, имконпазир мегардад.
Хадамоти матбуоти
БМТ