Бойгонии ахбор
11.09.2014

Қурбҳои асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақдина

    Дар давоми ҳафта қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ, каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна ба 5,1240-5,1460 сомонӣ баробар шуд.
   Қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро бошад, андаке поин шуда, мувофиқан ба 0,1370-0,1380 сомонӣ барои як рубли русӣ ва 6,6320-6,6490 сомонӣ барои як евро баробар шуд.
    Имрӯз, 11 сентябр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ба 5,1290-5,1500 сомонӣ, ш. Хуҷанд ба 5,1600-5,1750 сомонӣ ва ш. Қурғон-теппа ба 5,1400-5,1500 сомонӣ баробар аст.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку