09.10.2014
Қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро андаке паст шуданд
Ҳафтаи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА муътадил боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 5,1020-5,1240 сомониро ташкил намуд.
Дар баробари ин, қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро андаке паст фаромада, мувофиқан 0,1260-0,1280 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 6,4420-6,4780 сомонӣ ба як евро баробар шуданд.
Имрӯз, 9 октябр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 5,1030-5,1260 сомонӣ, ш. Хуҷанд 5,1150-5,1200 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 5,1100-5,1200 сомониро ташкил доданд.
Хадамоти матбуоти
БМТ