БМТ ба фаъолияти ҷории ташкилотҳои қарзӣ мудохила намекунад

Бойгонии ахбор
15.10.2014

БМТ ба фаъолияти ҷории ташкилотҳои қарзӣ мудохила намекунад

Ҷавоб ба мақолаи “Ҳамла” ба “Тоҷиксодиротбонк”. Метавонист хатари азиме ба вуҷуд ояд”, ки дар рӯзномаи “ИмрӯзNews” 25 августи соли 2014 нашр шудааст.

   Қабл аз ҳама, зарур мешуморем изҳор намоем, ки мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” БМТ ба фаъолияти ҷории ташкилотҳои қарзӣ мудохила намекунад.
    Илова бар ин, махсус қайд намудан лозим аст, ки бинои ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, бахусус иморати хазинаи он замонавӣ ва аз ҳама ҷиҳат ҷиҳозонидашуда ба ҳисоб рафта, ба талаботи Дастурамали №173 Бонки миллии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад ва ин дар навбати худ аз амну бехатар будани амволи бонки мазкур шаҳодат медиҳад.
    Ва ниҳоят тибқи маълумоти дастрасшуда, парвандаи мазкур айни замон дар Суди олӣ, Суди олии иқтисодии ҷумҳурӣ, аризаҳои ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар прокуратура ва Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор доранд. Бинобар ин, боварӣ дорем, ки мақомоти салоҳиятдори номбурда баҳси тарафҳоро ба таври зарурӣ баррасӣ ва ҳаллу фасл хоҳанд кард.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку