17.10.2014
Қурби миёнаи рубли русӣ паст ва қурби евро каме баланд шуд
Тайи чанд рӯзи ҳафтаи ҷорӣ қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ зери таъсири омилҳои беруна ва дохилӣ - паст шудани қурби асъорҳои кишварҳое, ки бо онҳо Тоҷикистон ҳамкории тиҷоратии қавӣ дорад, афзоиши мавсимии талабот ба асъори нақд аз ҷониби воридоткунандагон ва аҳолӣ, тамоюли баландшавиро соҳиб гашта, ба ҳисоби миёна ба 5,1730-5,1930 сомонӣ баробар шуд.
Ҳамзамон, қурби миёнаи рубли русӣ то ба 0,1260-0,1275 сомонӣ барои як рубли русӣ паст фаромада, қурби евро бошад, каме баланд шуда, як евро 6,4695-6,5320 сомониро ташкил намуд.
Имрӯз, 17 октябр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ба 5,1740-5,1970 сомонӣ, ш. Хуҷанд ба 5,2050-5,2150 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа ба 5,1800-5,2000 сомонӣ баробар аст.
Хадамоти матбуоти
БМТ