23.10.2014
Қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ паст фаромад
Дар давоми ҳафтаи ҷорӣ қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна 5,1776-5,1995 сомониро ташкил намуд.
Дар ин рӯзҳо, қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ паст фаромада, ба 0,1250-0,1260 сомонӣ барои як рубли русӣ ва бо евро баланд шуда, ба 6,5240-6,5620 сомонӣ барои як евро баробар шуд.
Имрӯз, 23 октябр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 5,1800-5,2020 сомонӣ, ш. Хуҷанд 5,2000-5,2100 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 5,1800-5,2000 сомониро ташкил дод.
Хадамоти матбуоти
БМТ