Дар ш. Душанбе ҷаласаи 21 Пленарии Гуруҳи Авросиё оид ба муқовимат ба шустани пул ва маблағгузории терроризм оғоз шуд

Бойгонии ахбор
10.11.2014

Дар ш. Душанбе ҷаласаи 21 Пленарии Гуруҳи Авросиё оид ба муқовимат ба шустани пул ва маблағгузории терроризм оғоз шуд

    Имрӯз ҷаласаи 21 Пленарии Гуруҳи Авросиё оид ба муқовимат ба шустани пул ва маблағгузории терроризм ва конфронси илмӣ - тадқиқотӣ бахшида ба 10 - солагии таъсиёбии Гуруҳи Авросиё, ки аз 10 то 14 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе идома меёбад, кори худро оғоз намуд.


   
    Дар кори ҷаласаҳои номбурда намояндагон аз нуҳ давлати аъзои Гуруҳи Авросиё - Белоруссия, Қазоқистон, Қириғизистон, Россия, Туркманистон, Узбекистон, Хитой, Ҳиндустон ва Тоҷикистон, 16 давлати мушоҳидони ин Гуруҳ - Арманистон, Афғонистон, Лаҳистон, Украина, Фаронса ва дигар иштирок менамоянд. Дар ин ҷаласаҳо ҳамчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, дигар гуруҳҳои минтақавии Гуруҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул (ФАТФ) низ ҳамчун мушоҳидон ширкат меварзанд.
    Айни замон зиёда аз 140 намояндагон-иштирокдорони ин ҷаласа аз давлатҳо ва созмонҳои молиявии байналхалқӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд.
   Имрӯз мутобиқи барномаи кории чорабинии мазкур ҷаласаҳои гуруҳҳои кории зерини Гуруҳи Авросиё оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, ёрии техникӣ, мониторинги хавфҳо ва дигар баргузор мегарданд.


  
    Дар ҷараёни баргузории ҷаласаҳои имрӯза ҳисоботи намояндагони як қатор давлатҳо доир ба корҳои иҷрошуда дар ин ҷода мавриди муҳокима қарор гирифта, баҳогузорӣ мегарданд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку