Ҷаласаи 21 Пленарии Гуруҳи Авросиё оид ба муқовимат ба шустани пул ва маблағгузории терроризм кори худро идома дод

Бойгонии ахбор
11.11.2014

Ҷаласаи 21 Пленарии Гуруҳи Авросиё оид ба муқовимат ба шустани пул ва маблағгузории терроризм кори худро идома дод

    Имрӯз, 11 ноябр Ҷаласаи 21 Пленарии Гуруҳи Авросиё оид ба муқовимат ба шустани пул ва маблағгузории терроризм кори худро идома дод.


   
   Шумораи умумии меҳмонон дар айни замон зиёда аз 140 нафарро ташкил медиҳад, ки онҳо аз намояндагон ва роҳбарони мақомотҳои кашшофии молиявии давлатҳои аъзои Гуруҳи Авросиё ва намояндагони давлатҳои мушоҳид ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ иборат мебошанд.
   Имрӯз тибқи барномаи чорабинӣ Ҷаласаҳои Гуруҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, ёрии техникӣ ва оид ба муқовимат ба маблағгузори фурӯши маводи мухаддир ва ҷинояткории терроризм кори худро идома доданд.
    Имрӯз Ҷаласаи 4 Шӯрои роҳбарони мақомотҳои кашшофии молиявии давлатҳо – иштирокдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ баргузор шуд.
   Тибқи барномаи корӣ Шӯро дар ин ҷаласа Консепсияи ҳамкории байни мақомотҳои кашшофии молиявии давлатҳо – иштирокдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Барномаи кории Шӯро барои солҳои 2015-2016 ва масъалаҳои дигар баррасӣ гардиданд.


   
    Барои маълумот: Шӯрои мазкур соли 2012 таъсис ёфта, аз роҳбарони мақомотҳои кашшофии молиявии давлатҳои Арманистон, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Украина ва Тоҷикистон иборат мебошад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку