13.11.2014
Қурби долл. ИМА баланд ва қурби рубли русӣ бо таври назаррас паст шуд
Дар давоми ҳафтае, ки ҷорист дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА баланд шуда, ба ҳисоби миёна то ба 5,3700-5,3900 сомонӣ расид.
Ҳамзамон қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ба таври назаррас паст шуда, мувофиқан 0,1132-0,1145 сомонӣ ба як рубли русӣ, ва евро бошад, 6,5020-6,5250 сомонӣ барои як евро баробар шуданд.
Имрӯз, 13 ноябр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 5,3800-5,4000 сомонӣ, ш. Хуҷанд 5,4200-5,4300 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 5,3700-5,3900 сомониро ташкил намуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ