Бақияи пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии кишвар зиёд шуд

Бойгонии ахбор
25.11.2014

Бақияи пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии кишвар зиёд шуд

    Дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ баъди ҷамъбасти моҳи октябри соли равон бақияи пасандозҳо дар даҳ моҳи соли равон 6’334,6 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 18,4 фоиз афзуд. Таркиби бақияи пасандозҳо ба таври зайл тақсимбандӣ шудааст: 2’180,4 млн. сомонӣ (ё 34,4 фоиз)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 4’ 154,2 млн. сомонӣ (ё 65,6 фоиз)-ро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил доданд, ки назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтанд.
   Дар моҳи октябр фоизи миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,13 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,99 фоизи солонаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 0,61 фоиз паст ва 0,55 фоиз баланд мебошад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку