Қурби долл. ИМА нисбатан баланд шуд

Бойгонии ахбор
04.12.2014

Қурби долл. ИМА нисбатан баланд шуд

    Дар чанд рӯзи ҳафтаи ҷорӣ қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ нисбатан баланд шуда, ба ҳисоби миёна 5,3980-5,4180 сомониро ташкил намуд.
    Қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро бошад, андаке паст шуда, мувофиқан ба 0,1035-0,1045 сомонӣ ба як рубли русӣ, ва 6,5850-6,6070 сомонӣ ба як евро баробар шуд.
    4 декабр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 5,4370-5,4570 сомонӣ, ш. Хуҷанд 5,4500-5,4700 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 5,4200-5,4400 сомониро ташкил дод.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку