Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият”
- Чанд моҳи охир дар ҷумҳурӣ қурби доллар боло рафта, қурби рубли русӣ ҳам рӯз то рӯз коҳиш меёбад. Бо назардошти ин омилҳо Бонки миллии Тоҷикистон барои нигоҳ доштани қурби сомонӣ чӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодааст? - Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти самтҳои асосии дурнамои сиёсати пулию қарзӣ сиёсати қурбии ба реҷаи “шинокунандаи идорашаванда, бе муқаррар кардани ҳудудҳои ниҳоӣ” асосёфта амалӣ мегардад.
Тибқи ин реҷа, қурби асъори миллиро таносуби талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ муқаррар мекунад. Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолатҳои аз эътидол берун тағйир ёфтани ин таносуб ва якбора пасту баланд шудани қурби асъори хориҷӣ ҳуқуқ дорад ба кори бозор бевосита дахолат намояд.
Аз ин рӯ, таъмини фаъолияти бонизому устувори бозори дохилии асъор вазифаи ҳамарӯзаи Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои иҷрои он тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Аз ҷумла, дар бозори байнибонкӣ тавассути низоми ягонаи электронии савдо талаботи барзиёд ба асъор қонеъ карда мешавад.
- Чӣ корҳои пешгирикунандаро бояд анҷом диҳем, ки он устувор монад? - Барои муътадил ва устувор нигоҳ доштани қурби пули миллӣ дар баробари давом додани сиёсати имрӯзаи қурбӣ андешидани чораҳои дигар, аз қабили зиёд намудани истеҳсоли молҳои босифату дар бозорҳои ҷаҳонӣ рақобатпазир ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат зарур аст. Илова бар ин, зарур аст, ки дар сиёсати берунии иқтисодии кишвар, бахусус дар бахши ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ ва дар робита ба маҳдуд кардани воридоти молҳои хориҷие, ки дар дохили ҷумҳурӣ низ истеҳсол мешаванд, қарорҳои марбута қабул карда шаванд.
- Ба андешаи Шумо кадом сабабҳо заминагузори беқурбӣ мешаванд? - Пастравии қурби сомонӣ дар бозори нақдӣ дар ин давра зери таъсири омили беруна - буҳрони сиёсию иқтисодӣ, молиявию асъории ҷаҳонӣ ва бад шудани вазъи иқтисодию молиявии шарики асосии савдои хориҷии мо – Россия мебошад.
Ин ҳолат ба кам шудани воридоти маблағи умумии интиқолҳои шахсони воқеӣ аз хориҷа, бахусус арзиши долларии он, ки он асосан барои воридот истифода мешавад, сабаб гашта, моҳҳои охир шиддат ёфт. Раванди мазкур сабаби асосии якбора зиёд шудани талабот ба долл.ИМА-и нақд гашта, мувозинати бозори нақдиро барҳам зад.
Омили дигари пастравии қурб ин афзоиши устувори ҳаҷми воридоти молу мавод ва кору хизматрасонӣ дар оғози сол ва фарорасии тирамоҳ мебошад.
Касри калони манфии тавозуни савдо бо манфӣ шудани бақияи ҳаҷми умумии маблағҳои асъории ба ҷумҳурӣ воридшаванда ва аз ҷумҳурӣ содиршаванда дар 10 моҳи соли равон сабаб шуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ