Меъёрҳои бозтамвил ва захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзӣ тағйир ёфтанд

Бойгонии ахбор
23.12.2014

Меъёрҳои бозтамвил ва захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзӣ тағйир ёфтанд

    Бо Қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2014 меъёри бозтамвил ба андозаи 1,1 банди фоизӣ баланд ва дар сатҳи 8,0 фоизи солона муқаррар гардид.
    Тағйироти мазкур ҷиҳати таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ, муътадил нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот бинобар зиёд шудани таъсири фишорҳои қурбӣ ва таваррумӣ ба иқтисодиёт, ки бештар ба номуайянии бозорҳои молиявии ҷаҳонӣ алоқаманд мебошад, инчунин барои пешгирии таъсири манфии омилҳои берунӣ ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ворид карда шудааст.
    Ҳамчунин ҳамин рӯз бо Қарори дигари Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва баланд бардоштани эътимоди пули миллӣ бинобар зиёд шудани фишорҳои қурбӣ ба иқтисодиёт меъёри захираҳои ҳатмӣ барои пасандозҳои ҳатмӣ бо пули миллӣ 3 банди фоизӣ паст ва бо асъори хориҷӣ 1 банди фоизӣ баланд карда шуда, мутаносибан дар сатҳи 2,0 ва 8,0 фоизи солона муқаррар гардиданд.
    Мутобиқи Қарори номбурда тамоми ҳисоббаробаркуниҳо дар низоми бонкӣ вобаста ба захираҳои ҳатмӣ аз таърихи 1 январи соли 2015 тибқи санади мазкур амалӣ карда машаванд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку