25.12.2014
Қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ паст шуд
Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ дар ҳафтаи равон қурби долл. ИМА паст шуда, ба ҳисоби миёна то ба 5,4200-5,4500 сомонӣ расид.
Дар баробари ин, қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ баланд шуда, 0,0960-0,0980 сомонӣ ба як рубли русӣ, қурби миёнаи амалиётҳо бо евро бошад, каме паст шуда, 6,7050-6,7250 сомонӣ ба як евро баробар шуд.
Имрӯз, 25 декабр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 5,4530-5,4730 сомонӣ, ш. Хуҷанд 5,4800-5,5000 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 5,4500-5,4700 сомониро ташкил намуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ