Дастгирии аҳолии ноҳияҳои дурдасти куҳистон идома дорад

Бойгонии ахбор
30.12.2014

Дастгирии аҳолии ноҳияҳои дурдасти куҳистон идома дорад

    Бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави кишвар дар ҷамъбасти моҳи ноябри соли равон 9,37 млрд. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,8 фоиз зиёд мебошад. Аз ин маблағ 54,9 фоиз (5,1млрд. сомонӣ)-ро қарзҳои кутоҳмуддат ва 45,1 фоиз (4,2 млрд. сомонӣ)-ро қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд.
    Фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ бо пули миллӣ ба 24,70 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 23,32 фоизи солона баробар шуданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 0,71 фоиз ва 0,39 фоиз паст мебошанд.
    Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда низ баробари зиёд гардидани талабот раванди афзоишро ба худ касб намуда, дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 29,4 фоиз зиёд шуданд. Ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бошад, дар ин давра 1,03 млрд. сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки афзоиши он назар ба ҳамин давраи соли гузашта 27,4 фоизро ташкил медиҳад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку