08.01.2015
Қурби долл. ИМА баланд ва қурбҳои рубли русӣ ва евро каме паст шуданд
Тайи ҳафтаи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА баланд шуда, ба ҳисоби миёна то 5,5690-5,5830 сомонӣ расид.
Ҳамзамон, қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро каме паст шуда, мувофиқан ба 0,0890-0,0910 сомонӣ барои як рубли русӣ ва 6,5270-6,5490 сомонӣ барои як евро баробар шуданд.
Имрӯз, 8 январ қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 5,6230-5,6430 сомонӣ, ш. Хуҷанд 5,6600-5,6800 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 5,6500-5,6700 сомониро ташкил намуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ