22.01.2015
Қурбҳои миёнаи рубли русӣ каме паст ва евро андаке баланд шуданд
Ҳафтаи равон қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ андаке баланд шуда, ба ҳисоби миёна 5,6540-5,6740 сомониро ташкил намуд.
Қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ дар ин рӯзҳои охир каме паст шуда, мувофиқан 0,0860-0,0880 сомонӣ ба як рубли русӣ, ва қурби миёнаи амалиётҳо бо евро бошад каме баланд шуда, мувофиқан 6,5240-6,5530 сомонӣ ба як евро баробар шуданд.
Имрӯз, 22 январ қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 5,6720-5,6920 сомонӣ, ш. Хуҷанд 5,6800-5,7000 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 5,6500-5,6700 сомониро ташкил дод.
Хадамоти матбуоти
БМТ