29.01.2015
Қурбҳои асъори хориҷӣ нисбатан паст шуданд
Дар давоми ҳафтаи равон қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ нисбатан паст шуда, ба ҳисоби миёна аз 5,6950-5,7100 то ба 5,6780-5,6980 сомонӣ коҳиш ёфт.
Ҳамзамон қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро бошад, низ каме паст шуда, мувофиқан 0,0845-0,0860 сомонӣ ба як рубли русӣ ва мувофиқан 6,3560-6,3790 сомонӣ ба як евро баробар шуданд.
Имрӯз, 29 январ қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 5,6860-5,7060 сомонӣ, ш. Хуҷанд 5,7000-5,7200 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 5,6800-5,7000 сомониро ташкил намуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ