12.02.2015
Қурбҳои асъори хориҷӣ тағйир ёфтанд
Дар нимаи авввали ҳафтаи равон қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ андаке баланд шуда, ба ҳисоби миёна ба 5,7050-5,7250 сомонӣ расид.
Ҳамчунин дар ин рӯзҳо қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро низ каме баланд шуда, 0,0840-0,0850 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 6,4000-6,4230 сомонӣ ба як евро баробар шуданд.
Имрӯз, 12 феврал қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ба 5,7220-5,7420 сомонӣ, ш. Хуҷанд ба 5,7200-5,7400 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа ба 5,7200-5,7400 сомонӣ баробар аст.
Хадамоти матбуоти
БМТ