Пули миллӣ ва бозори асъор

Бойгонии ахбор
19.02.2015

Пули миллӣ ва бозори асъор

Мусоҳибаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бо Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов



    -Қаблан, Бонки миллӣ болоравии қурби доллар ва пастравии рублро дар бозори асъори кишвар муваққатӣ арзёбӣ мекард. Аммо мушоҳидаҳои охир нишон медиҳанд, ки қурби доллар дар бозори асъори Тоҷикистон пайваста майл ба болоравӣ дорад, рубли русӣ баръакс, рӯ ба коҳиш овардааст. Ин тамоилро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
    - Хулосаҳои мо дар асоси таҳлили равандҳои бозорҳои ҷаҳонии асъор ва вазъи бозори дохилии Тоҷикистон омода мешаванд. Дар соли 2014 раванди асосии бозорҳои ҷаҳонии асъор ин болоравии қурби долл. ИМА нисбат ба аксари асъорҳои ҷаҳон, аз ҷумла нисбати евро, йени Япония, франки Швейтсария маҳсуб мешавад. Имрӯз дар ҷаҳон асъори миллие вуҷуд надорад, ки қурби он нисбат ба долл. ИМА поён нарафта бошад. Вазъи мазкур натиҷаи инкишофи босуръати иқтисоди Амрико ва тағйирёбии сиёсати монетарии Низоми федералии захира (НФЗ) мебошад. Аз декабри соли 2013 сар карда, НФЗ барномаи хариди қоғазҳои қиматнокро дар ҳаҷми 85 млрд. долл. ИМА оғоз намуда, ҳар моҳ ҳаҷми хариди онро 10 млрд. долларӣ кам мекард ва дар октябри соли 2014 бо хариди коғазҳои қиматнок дар ҳаҷми 15 млрд долл. ИМА барномаи зикргардидаро (QE-3) ба пуррагӣ қатъ намуд. Ин дар навбати худ, манбаи қарзҳои арзон ба иқтисодиёт гардида, рушди онро таъмин намуд, ки боиси баланд шудани фоизи даромади коғазҳои қиматнок ва талабот ба онҳо шуда, сармояро аз тамоми дунё ҷалб ва рушди босуръати ММД-и Амрикоро таъмин намуд. Асоси болоравии қурби долл. ИМА ҳамин омили зикршуда аст ва он ба қурби асъорҳои миллии дигар, аз ҷумла ба рубли русӣ ва сомонӣ таъсир мерасонад.
     -Коршиносони иқтисодӣ ин амали Амрикоро як навъ тарҳрезишуда арзёбӣ мекунанд. Шумо ба ин андеша розиед?
    - Амали мазкур пеш аз ҳама барои ба даст овардани рушди устувори иқтисодиёт ва инчунин коҳиш додани сатҳи бекорӣ ба нақша гирифта шуда буд. Воқеан, таҳаввулот дар бозорҳои ҷаҳонии асъор ва ашёи хом аз тағйир ёфтани сиёсати пулию қарзии Амрико оғоз ёфта, бинобар иқтисоди бузург буданаш бевосита ба иқтисодиёти дигар мамлакатҳо таъсир расонид.
    - Албатта, таъсири он ба иқтисодиёти Русия ва қурби асъори ин кишвар пӯшида нест. Аммо пастравии рубли руси нисбати сомонӣ дар Тоҷикистон мардуми моро ба ташвиш овардааст. Минбаъд агар чунин ҳолат идома ёбад, тақдири сомонӣ чӣ хоҳад шуд?
    - Омили аслии коҳиши қурби рубли русӣ дар баробари омилҳои объективӣ боз таҳримҳои сиёсию иқтисодии кишварҳои Ғарб нисбати Русия мебошад. Коҳиши бесобиқаи нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ ва таъсири таҳримҳо боиси беқурбшавии ниҳоят зиёди рубли русӣ гашт. Русия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, қисмати зиёди муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар кор мекунанд ва онҳо тавассути бонкҳо, бе кушодани суратҳисоби бонкӣ бо рубли русӣ маблағи зиёд интиқол медиҳанд. Рубли Русия дар сохтори воридоти асъори хориҷӣ ба Тоҷикистон мавқеи махсус дорад ва ба вазъи қурби сомонӣ нисбати асъори хориҷии дигар таъсир мерасонад. Айни замон талабот ва пешниҳод ба рубли русӣ дар бозори дохилӣ қурби онро нисбати сомонӣ муқаррар месозад. Бо мурури устувор шудани қурби рубли русӣ таъсири он ба бозори Тоҷикистон ва қурби сомонӣ ба низом хоҳад омад.
    - Дар чунин вазъият роҳҳои нигоҳ доштани қурби пули миллӣ вуҷуд доранд?
    - Сомониро бевосита ба рубли русӣ вобаста кардан дуруст нест, ҳарчанд ки таъсири он зиёд ба назар мерасад Дар бозори дохилии асъори Тоҷикистон на танҳо рубли русӣ, балки дигар асъорҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла долл. ИМА, еврои Иттиҳоди Аврупо, франки швейтсарӣ, фунти англисӣ, юани чинӣ, тенгеи Қазоқистон ва ғайра хариду фурӯш мешаванд. Ҳар як асъор дар бозор нақши муайянеро мебозад. Аммо, ба назари ман, дар шароити имрӯза агар нархи нафт ба эътидол ояд, вазъи бозори асъор муътадил хоҳад шуд.
     -Пас, Бонки миллӣ барои муътадил нигоҳ доштани бозори асъори кишвар чӣ иқдоме ба роҳ андохтааст?
    - Бонки миллии Тоҷикистон мунтазам, ҳамарӯза дар бозори асъор фаъолият дорад ва ба вазъи он бевосита таъсири худро мерасонад. Мо кӯшиш мекунем, ки тағйирёбии қурби асъор муътадил бошад ва боиси болоравии нархи молу маҳсулот нагардад. Аз ҷумла, тавассути фурӯши доллари нақд ва ғайринақдӣ дар бозори дохилӣ.
     -Коршиносон бар он назаранд, ки сиёсати пулии бонкҳо дар Тоҷикистон дуруст ба роҳ монда нашудааст ва оқибатҳои нохубро дар пай дорад. Бинобар ин, қурби сомонӣ нисбат ба дигар асъори хориҷӣ осебпазир мебошад. Ба ин андеша розӣ ҳастед?
    - Сиёсати қурбро Бонки миллӣ роҳандозӣ мекунад. Маҷмуи чорабиниҳое, ки имрӯз тарҳрезӣ ва роҳандозӣ шудаанд, исботи нодурустии назари чунин коршиносон аст. Фаъолияти Бонки миллиро метавонед аз вазъи бозори асъори кишвар муайян кунед. Дар ҳақиқат соли гузашта, қурби сомонӣ нисбати долл. ИМА 11,2 % поён рафт. Аммо чунин поёнравӣ танҳо хоси сомонӣ нест, пастравии қурби тамоми асъорҳои миллӣ дар ҷаҳон мушоҳида мешавад. Ин ҷо нишондиҳандаи қурб маҳаки асосӣ нест, маҳаки асосӣ муътадил нигоҳ доштани сатҳи нархҳо (таваррум) ва фароҳам овардани шароит барои рушди истеҳсолот ва суботи бозор мебошад.
    Масалан, дар Япония сатҳи таваррум то андозае паст рафт, ки он ба баланд шудани қурби йена ва коҳиш ёфтани содирот ва истеҳсолоти мамлакат овард. Ин ҳолат ҳукумати Японияро водор намуд, ки барои афзудани талабот ба мол ва рушди истеҳсолот чораҳое бубинад, ки ба зиёд шудани таварум ва паст шудани қурби йена оварад. Дар Тоҷикистон ҳам чораҷӯиҳое, ки барои дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани суръати рушди ММД ва таъмини болоравии истеҳсолот лозиманд, амалӣ шуда истодаанд.
     - Таносуби воридоту содироти асъор соли гузашта чӣ гуна буд?
    - Тӯли солҳои охир таносуби воридоту содироти асъор рӯ ба афзоиш буда, дар соли 2014 он зиёда аз 4 маротиба буд. (Тақрибан наздики 1 миллиард долл. ИМА ба кишварҳои хориҷӣ содирот шудааст ва беш аз 4,3 миллиард долл. ИМА воридот шудааст).
    -Тавре ки мушоҳида мешавад, бештари тиҷорати Тоҷикистон бо Чин сурат мегирад. Ба хотири муътадил нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ, оё имкони ҳисоббаробаркунии сомонӣ бо юан ва баръакс вуҷуд дорад? Зеро бештари вақт долларе, ки иваз мешавад, ба Чин барои харидории мол равона мегардад.
    - Аввалан, тибқи қонунгузории асъор ва санадҳои меъёрии амалкунанда, ягон маҳдудият барои мубодилаи асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ нест. Мушкилот дигар аст. Айни замон дар бозори дохилии асъори мо мубодилаи васеъи сомонӣ бо юани Чин шуруъ нашудааст. Имрӯз анъана шудааст, ки тоҷирони мо аз Чин бо доллар маҳсулот ворид мекунанд, зеро чиниҳо ҳам танҳо бо долл. ИМА мол мефурӯшанд. Ҳоло мо роҳҳои тағйир додани ин корро омӯхта истодаем. Яке аз ин роҳҳо барпо ва мустаҳкам кардани алоқа бо бонкҳои чинӣ мебошад.
     -Чаро ин кор ба таври оҷилӣ сурат намегирад?
    - Низоми бонкӣ бо пул сару кор дорад. Ин кор саросемагиро намепазирад, бояд аз рӯйи масали “ҳафт бор чен куну як бор бур” амал кард.
    Масалан, мо охири соли 2013 барои аъзои Биржаи асъори Маскав шудан, як муддати муайян тамоми корҳоро ба анҷом расонида, аввалин хариду фурӯши сомониро бо рубли русӣ дар биржаи Маскав гузаронидем, вале то имрӯз заминаҳои васеъ кардани амалиёт муҳайё нашудаанд.
     - Аз нигоҳи Шумо мавқеи сомонӣ дар бозори асъор дар ҳадди эътидол аст?
    - Мавқеи сомонӣ имрӯзҳо ба талаботи бозори дохилӣ мутобиқ мебошад ва дар ҳадди эътидол аст.
     Бонки миллии Тоҷикистон барои дар ҳолати ба вазъи бозор мувофиқ нигоҳ доштани қурби сомонӣ мунтазам кор мебарад.
     -Имсол таваррум чанд фоиз пешбинӣ шудааст?
    -Барои соли равон сатҳи таваррум дар доираи 7,5 фоиз ба нақша гирифта шудааст.              
   -
Дастоварди бонкҳоро тӯли солҳои охир дар чӣ мебинед?
    -Соли сипаришуда бақияи умумии қарзҳо дар ташкилотҳои қарзӣ ба 10 миллиард сомонӣ баробар шуд. Яъне, гап дар сари он маблағе меравад, ки мардум ҳамчун қарз дар истифода доранд. Ҳамчунин, зиёда аз як миллион кортҳои бонкӣ ба дасти мардум расонида шуд. Шумораи суратҳисобҳое, ки мардум дар бонкҳо кушодаанд, аз 2 миллион убур кардааст. Ҳол он ки ин адад дар соли 2012 танҳо 1 миллионро ташкил дода буд. Дар тамоми минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ бонкҳо филиалҳои худро боз карда, ба мизоҷон хизматрасонӣ мекунанд.Танҳо дар давоми соли гузашта 12,2 млрд. сомонӣ бонкҳо ба мизоҷон қарз додаанд, ки афзоиши он назар ба соли 2013 қариб 3,3 миллиард сомониро ташкил медиҳад Маблағе, ки мардум соли гузашта дар бонкҳо ҳамчун амонат гузоштаанд, 6,6 миллард сомониро ташкил дод.
    -Чӣ чиз боиси эътимоди мардум гашт, ки ин маблағи зиёдро дар бонкҳо амонат мегузоранд?
    - Албатта, субот дар кишвар як омили муҳим мебошад. Мардум сол ба сол таҳаввулот, дигаргуниҳои мусбии иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар кишвар дарк мекунанд ва эътимодашон ба бонкҳо бештар мегардад. Дар баробари ин, хизматрасонии бонкҳо ба мардум беҳтар шуда истодааст, ки инро дар ду назарпурсии гузаронидаи мо дар солҳои 2013 ва 2014 дидан мумкин аст. Имрӯз нуқтаҳои хизматрасонии бонкӣ дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар рӯз то рӯз зиёд шуда истодаанд.
     -Аксари саррофони дӯконҳои мубодилаи асъор аз пеши худ нархи фуруши асъори хориҷӣ, махсусан долларро боло мебаранд. Назорат ва тафтиши нуқтаҳои мубодилаи асъор ба дӯши кист?
    -Вақте ки субот дар бозор паст меравад, ҳаннотӣ рӯи кор меоянд, ба қавле пайдо мешаванд. Ҳаннотӣ ҳам як навъи тиҷорат аст. Ҳаннотон аз калавидани нарху наво моҳирона истифода мебаранд ва кӯшиш мекунанд, ки аз чунин лаҳзаҳои барояшон мусоид манфиат ба даст оранд. Вале вақте дар ҳолатҳои фавқуллода мебинем, ки ҳаннотон зуҳур кардаанду ба таври сунъӣ қурби долларро боло мебаранд, нархи хариду фурӯш дар бозори асъорро аз тариқи мудохила танзим мекунем.
    Айни замон бозори мо босубот аст. Ҳамарӯза кормандони Бонки миллӣ фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъорро зери назорати доимӣ қарор дода, дар сурати беасос баланд кардани қурби фурӯш ва ё нафурӯхтани асъор нисбати кормандон ва моликони нуқтаҳои номбурда чораҳои таъсирасонӣ, (огоҳӣ, ҷарима, бастани фаъолияти онҳо) меандешанд. Дар соли 2014 аз ҷониби мо фаъолияти 1064 адад нуқтаҳои мубодилаи асъор санҷида шуда, вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта 279 огоҳӣ, амру супориш ирсол намуда, ба маблағи 187 990 сомонӣ ҷарима гузошта шуда, фаъолияти 24 адади онҳо қатъ карда шуд.
    - Чаро нархи асъор дар Бонк аз нархи бозорӣ фарқ мекунад?
    - Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии асъори хориҷиро нисбати сомонӣ бо мақсади ҳисобдорӣ ва пардохтҳои ҳатмии давлатӣ муқаррар ва эълон менамояд. Қурби мазкур, аз ҷумла, қурби долл. ИМА барои хариду фурӯш истифода намешавад. Қурби хариду фурӯш дар нуқтаҳои мубодила аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ва моликони онҳо мустақилона вобаста ба талаботу пешниҳоди асъори нақд дар бозор муқаррар карда мешавад. Маълум аст, ки барои ба асъори нақд табдил додани асъори ғайринақдӣ хароҷотҳои иловагӣ, аз ҷумла хизматонаи ташкилоти қарзӣ, хароҷоти кашонидан, таъмини бехатарӣ, хазинадорӣ, музди меҳнати хазинадорон, даромади ташкилоти қарзӣ ва ғайра заруранд. Аз ин ру, қурби асъори нақди хориҷӣ аз қурби расмӣ ва қурби асъори ғайринақдии хориҷӣ фарқ мекунад.
    -Болоравии қурби доллар сабаб шуд, ки аз чаккафурӯш сар карда, то мошинфурӯш нархи маҳсулотро боло бардоранд. Чӣ гуна инро метавон шарҳ дод?
    -Сатҳи долларизатсия иқтисодиёти Тоҷикистон баланд аст ва ин яке аз ҳолатҳои зоҳиршавии он мебошад. Барои мисол, он чаккафурӯше, ки Шумо гуфтед, барои фарзандаш либос мехарад. Эҳтимол, либосро аз фурӯшандае мехарад, ки онро аз берун бо асъори хориҷӣ, асосан бо доллар ворид кардааст. Агар хоҳем, ки дар ин ҳолат вобастагии байни нарху қурби доллар аз байн равад, моро зарур аст, ки омода намудани либос ва дигар маҳсулоти ашёи рӯзгорро дар Тоҷикистон ба роҳ монем. Ва вақте истеҳсолоти мо пурқувват шуду рушд намуд ва молҳои босифату бозоргир пешкаши мардум гардиданд, вобастагии бозори мо аз асъори хориҷӣ камтар мешавад. Ҳамаи мо бояд сари ҳамин масъала бештар фикр ва кор кунем.
    -Вазъи бозори асъор воқеан ҳам боиси нигаронии мардум гаштааст. Онҳо сомониро ба доллар табдил медиҳанд, моликият харидорӣ мекунанд. Шумо ба онҳо чӣ маслиҳат медиҳед?
    Қабл аз ҳама маслиҳат медиҳем, ки дар давраи тағйирёбии номуътадили қурби асъор ба воҳима дода нашуда, саросема ба мубодилаи маблағҳои худ напардозанд, зеро ҳама гуна иваз кардани маблағҳо дар чунин лаҳзаҳо эҳтимоли хавфи зарар диданро дорад. Пӯшида нест, ки дар чунин мавридҳо ҳаннотон фаъол мешаванду аксаран бо қурби сунъие, ки ба миён меояд, мубодиларо анҷом дода, фоида ба даст меоранд.
    Хушбахтона, бояд гӯем, ки имрӯз аксари мардуми ҷумҳурӣ бо пули миллӣ бе хавфу ташвиши зиёдатӣ додугирифту муомила мекунанд ва талаботи худро бароварда месозанд. Ба шахсоне, ки маблағҳои озод дар ихтиёр доранд, маслиҳат медиҳем, ки онҳоро дар бонкҳои ҷумҳурӣ ба муҳлатҳои гуногун ба амонат гузоранд ва аз фоизҳои мувофиқи пешниҳодшудаи ташкилотҳои қарзӣ баҳравар гарданд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку