Қурбҳои асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ каме баланд шуданд

Бойгонии ахбор
19.02.2015

Қурбҳои асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ каме баланд шуданд

    Тайи чанд рӯзи охири ҳафтаи ҷорӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА андаке баланд шуда, ба ҳисоби миёна 5,7250-5,7450 сомониро ташкил намуд.
   Қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро низ каме баланд шуда, 0,0895-0,0905 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 6,4360-6,4570 сомонӣ ба як евро баробар шуданд.
    Имрӯз, 19 феврал қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 5,7350-5,7550 сомонӣ, ш. Хуҷанд 5,7400-5,7600 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 5,7300-5,7500 сомониро ташкил дод.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку