БМТ тартиби истифодаи асъори хориҷиро дар ташкилотҳои қарзӣ назорат менамояд

Бойгонии ахбор
27.02.2015

БМТ тартиби истифодаи асъори хориҷиро дар ташкилотҳои қарзӣ назорат менамояд

Ҷавоб ба саволҳои хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” - Мусаллам аст, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи асъори миллӣ хариду фурӯши молу коло дар қаламрави кишвар бо пули хориҷӣ манъ аст. Аммо чи тавре мушоҳида мешавад, аксар амволи арзишманд амсоли хона, автомобили сабукрав ва иҷораҳои хонаву нуқтаҳои савдо бо доллари ИМА нархгузорӣ ва фурӯхта мешаванд. Бонки миллӣ дар назорати иҷрои қонунгузорӣ чӣ тадбирҳо меандешад ва дар ин самт чи корҳо анҷом дода шудааст? - Тибқи талаботи банди 4 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми давлатии танзими асъор соҳа ва тартиби истифодаю муомилоти асъори хориҷиро дар қаламрави ҷумҳурӣ муайян мекунад. Соҳа ва тартиби истифодаи асъори хориҷиро Бонки миллии Тоҷикистон бо Дастурамали №168 “Дар бораи тартиби истифодаи асъори хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон” муқаррар кардааст. Бо мақсади иҷрои ин кори муҳим назорати риояи талаботи қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқӣ-меъёрии танзими асъор, аз ҷумла истифодаи асъори хориҷӣ ба зиммаи мақомоти прокуратура ва андоз вогузор карда шудааст. Бонки миллии Тоҷикистон дар навбати худ тартиби истифодаи асъори хориҷиро дар ташкилотҳои қарзӣ назорат намуда, айни замон дар доираи ваколатҳои худ барои таъмин кардани талаботи муқарраршуда корҳои муайянеро анҷом дода истодааст. Аз ҷумла, барои огоҳ ва бори дигар шинос кардани шахсони воқеӣ, соҳибкорони инфиродӣ, ширкату корхонаҳо, вазорату идораҳо ва воситаҳои ахбори омма бо тартиби истифодаи асъори хориҷӣ, Бонки миллии Тоҷикистон тавзеҳот-супориш қабул карда, онро тавассути кормандони бонк мунтазам ба маълумоти онҳо мерасонад.Дар ин санад, аз ҷумла омадааст: “Бо асъори хориҷӣ ё воҳиди шартӣ ифода кардани онҳо ва ҳамчун воситаи муомилоту пардохти нақдӣ истифода кардани асъори хориҷӣдар дохили ҷумҳурӣ манъ аст. Аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ риоя накардани ин талабот ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноӣ ҳисобида шуда, тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд”. Мушкилот аслан дар муносибати фориғболона ва дарк накардани масъулият аз тарафи ҳарду ҷониби муомилот –фурӯшанда ва харидор ниҳон аст. Мутаассифона, имрӯзҳо баъзан бо асъори хориҷӣ муқаррар кардан, гуфтан, таблиғ кардани нархи молу мавод, хизматрасонӣ ва ҳамчун воситаи пардохт пешниҳод кардани асъори хориҷӣ аз ҷониби иштирокчиёни хариду фурӯши амвол ва хизматрасонӣ ҷой дорад. Гарчанде ин амал бар хилофи қонун аст ва муҷозоти сангин дорад. Оид ба ин масъала идораҳои дахлдори бонк санҷишҳои мақсадноки муассисаҳои таълимӣ, ширкатҳои мобилӣ, воситаҳои ахбори омма, дигар муассисаҳои хизматрасонию савдоро анҷом дода, нисбати онҳое, ки тартиби истифодаи асъори хориҷиро риоя намекунанд чораҳои таъсиррасонӣ меандешад. Дар натиҷа нархномаҳои тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ, шартномаҳои мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, чиптаҳои ҳавопаймоҳо ва дар аксари нуқтаҳои савдои чаканаи молу мавод танҳо бо пули миллӣ муқаррар ва таблиғ карда мешаванд. Хариду фурӯши моли баландаразиш бо асъори хориҷӣ то куҷо ба боло рафтани сатҳи таваррум таъсир мерасонад? Хариду фурӯш бо пули хориҷӣ аз нигоҳи қонунӣ бояд чӣ гуна бошад? Хариду фурӯш бо асъори хориҷӣ бе иҷозати махсус дар қаламрави ҷумҳурӣ қонунвайронкунии маҳз буда, бояд аз ҷониби тамоми мақомоти ваколатдор қатъиян манъ ва пешгирӣ карда шавад. Ба маълумоти тамоми аҳолии кишвар расонидани ин муқаррарот, бахусус тавассути воситаҳои ахбори омма яке аз роҳҳои пешгирӣ кардани ин амали номатлуб ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, нашрияи бонуфузи расмии мамлакат “Ҷумҳурият” метавонад дар ин ҷода саҳми босазо гузорад. Хариду фуруши мол бо асъори хориҷӣ омили баландшавии нархҳо ва сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ буда наметавонад. Хариду фурӯши мол, кор ва хизматрасонӣ бо асъори хориҷӣ дар дохили ҷумҳурӣ танҳо дар ҳолатҳои муқарраркардаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор”, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва иҷозатномаи махсус метавонад анҷом дода шавад. Имрӯз дар ҷумҳурӣ танҳо якчанд идораю корхонаҳо чунин иҷозатнома доранд ва хизматрасонии махсусро анҷом медиҳанд. Хизматрасонии консулӣ дар фурӯдгоҳи байналмиллалии ш.Душанбе, хизматрасонии махсуси таъминоти парвозҳои ҳавопаймоӣ ва хизматрасониҳои нақлиёти байналмиллалӣ, аз ҷумлаи онҳоянд. Дигар ягон муассисаи тиҷоратӣ ё савдои яклӯхту чакана барои фурӯши мол, кору хизматрасонӣ бо асъори хориҷӣ дар дохили ҷумҳурӣ иҷозатнома надорад.


 Хадамоти матбуоти БМТ

Возврат к списку