05.03.2015
Қурбҳои асъори хориҷӣ дар бозори нақдӣ
Дар чанд рӯзи ҳафтаи равон қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ баланд шуда, ба ҳисоби миёна 5,9930-6,0110 сомониро ташкил намуд.
Дар ин давра қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро низ каме баланд шуда, мувофиқан ба 0,0960-0,0970 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 6,5990-6,6210 сомонӣ ба як евро баробар шуданд.
Имрӯз, 5 март қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 6,0330-6,0480 сомонӣ, ш. Хуҷанд 6,0500-6,0700 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 6,0400-6,0600 сомониро ташкил намуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ