Ҳиссаи қарзҳои дарозмуҳлат меафзояд

Бойгонии ахбор
03.04.2015

Ҳиссаи қарзҳои дарозмуҳлат меафзояд

Маълумотҳои омори расмӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки бақияи умумии қарзҳо дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дар охири моҳи феврали соли равон 10,1 млрд.сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28,0 фоиз зиёд мебошад. Агар таркиби бақияи қарзҳоро таҳлил намоем, маълум мегардад, ки 51,9 фоиз (5’230,9 млн.сомонӣ)-ро қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 48,1 фоиз ( 4’847,4 млн. сомонӣ)-ро қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд ва ин аз афзудани ҳаҷми қарзҳои дарозмуддат дарак медиҳад.
Дар ин давра фоизи миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкии кишвар бо пули миллӣ 23,93 фоизи солона ва бо асъори хориҷӣ 22,77 фоизи солонаро ташкил намуд.
Дар баробари баланд гардидани талаботи аҳолӣ ба маблағҳо, ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар моҳҳои январ-феврали соли 2015 раванди афзоиш ба худ касб намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 12,8 фоиз зиёд шудааст. Аз ин ҳисоб 179,7 млн.сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон қарзҳои хурд дода шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 0,7 фоиз зиёд мебошад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку