Семинари чоррӯза дар БМТ

Бойгонии ахбор
08.04.2015

Семинари чоррӯза дар БМТ

Бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва бо иштироку дастгирии Шӯрои хизматрасонии молиявии исломӣ (ШХМИ) барои кормандони мақомоти танзим ва назорати бахши бонкӣ, мутахассисони бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд семинари омӯзишии чоррӯза таҳти унвони “Рукнҳо ва меъёрҳои бонкдории исломӣ” баргузор гардид.


Тибқи барномаи омӯзишӣ тайи чанд рӯзи семинар дар назди иштирокдорони он ёрдамчии Дабири кулли ШХМИ Др. Шериф Аюб ва мутахассисони варзидаи Департаменти техникию тадқиқотии созмони номбурда маърузаю суҳбатҳои амалӣ анҷом медиҳанд.
Тавре дар ҷараёни семинар изҳор гардид, омӯзиши мазкур асосан бо максади тақвияти дарку фаҳмиши иштирокчиёни он дар бораи меъёрҳои дахлдор ва принсипҳои асосие, ки барои татбиқи ҳамин меъёрҳо дар ташкилотҳои дахлдор заруранд; ба аҳли нишаст тавассути мисолҳои мушаххас, машғулиятҳои амалӣ ва маводи интерактивӣ кӯмак расонидан дар истифодаи амалии масъалаҳои вобаста ба ин меъёрҳо; мусоидат намудан дар мубодилаи таҷриба ҳангоми ҷорӣ кардани меъёрҳои дахлдори ШХМИ ва принсипҳои асосии он ташкил карда шудааст.



Ба ғайр аз ин, иштирокдорони семинар имконият пайдо мекунанд, ки маълумотҳои мукаммалро дар бораи заминаи маблағгузории исломӣ ва амалиётҳои бонкии исломӣ, принсипҳои асосии идоракунии хавфҳо барои ташкилотҳои дорои хизматрасониҳои молиявии исломӣ, принсипҳои асосии низоми идорасозӣ тибқи усулҳои исломӣ, стандарти кифоя набудани сармояи азнавдидашуда ва ғайраро ба даст оранд.
Дар интиҳои семинар ба 70 нафар намояндагони низоми бонкии ҷумҳурӣ сертификат супорида мешавад.

Хадамоти матбуоти
БМТ


Возврат к списку