Бинобар сабаби ноустувории вазъи сиёсию-иқтисодии кишварҳои минтақа, номуътадилии бардавоми нархи молу ашёи асосии содиротӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва афзоиши фишорҳои қурбӣ, вазъи иқтисодиёти кишвар дар моҳҳои январ-марти соли 2015 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар сатҳи нисбатан заифтар қарор дошт.
Дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 8,3 млрд. сомонӣ баробар шуда, рушди воқеии он 5,3 фоизро ташкил намуд. Коҳиш ёфтани суръати афзоиши ММД-и воқеӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1,7 банди фоизӣ, пеш аз ҳама ба паст гардидани унсури талабот дар иқтисоди ҷаҳон ва ноустувории иқтисодиёт дар кишварҳои шарикони асосии савдо, ки аз нимсолаи дуюми соли 2014 инҷониб бештар мушоҳида гардид, вобастагӣ дошт.
Бо вуҷуди ин, қайд кардан зарур аст, ки раванди рушди истеҳсолот ва пешниҳодоти молу маҳсулоти ватанӣ дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар аз ҷумла, маҳсулоти саноатӣ 16,7 фоиз, гардиши савдои чакана 10,7 фоиз, кишоварзӣ 5,3 фоиз ва сохтмон 0,9 фоиз ба қайд гирифта шуд.
ММД аз рӯи соҳаҳо (бо фоиз, нисбати давра)
Дар давраи ҳисоботӣ сатҳи таваррум 1,5 фоизро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 0,9 банди фоизӣ кам мебошад. Дар шароити буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ, коҳишёбии талаботи дохилӣ ва даромаднокии аҳолӣ ба паст гардидани сатҳи таваррум дар кишвар мусоидат намуд. Таварруме, ки ба даст омад, асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти озуқа 2,1 фоиз, маҳсулоти ғайриозуқа 0,4 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 1,9 фоиз ба вуқуъ пайваст.
Ҳамзамон, сатҳи таварруми солона (барои 12 моҳи охир) 6,5 фоизро ташкил дода, дар қиёс ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,7 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Сатҳи таварруми аслӣ бе назардошти омилҳои ғайримонетарӣ дар ин давра бо нишондиҳандаи манфӣ ҷамъбаст гардида -0,5 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 банди фоизӣ кам мебошад. Таварруми аслии солона бошад, дар ин давра ба 1,3 фоиз расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,0 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ раванди коҳишёбии нархи маҳсулотҳои истеҳсоли ватанӣ (картошка 18,7 фоиз, сабзӣ 9,4 фоиз, гӯшти гов 4,8 фоиз, гӯшти гӯсфанд 1,9 фоиз, асал 2,9 фоиз, тухм 2,0 фоиз ва нахӯд 5,3 фоиз) ба ташакулёбии сатҳи таварруми аслӣ замина гузошт.
Таваррум ва таварруми аслӣ (тағйирёбии моҳона)
Тавре аз маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-марти соли равон 966 млн. долл. ИМА-ро ташкил намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 11,8 фоиз кам аст. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил 13,7 фоиз ва бо кишварҳои хориҷаи дур 9,8 фоиз коҳиш ёфт. Коҳишёбии мазкур бо назардошти номуътадилии сиёсию иқтисодӣ дар ҷаҳон, коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқолҳои пулӣ ва ба ин васила паст гардидани сатҳи талабот дар бозор алоқамандӣ дошт.
Сарфи назар аз ин ҳама мушкилоти мавҷуда ҳаҷми содироти молҳо дар давраи баррасишаванда 214,5 млн. долл. ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 12,7 фоиз зиёд мебошад. Воридоти молҳо бошад, 751,7 млн. долл. ИМА-ро ташкил карда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 16,9 фоиз коҳиш ёфт. Дар натиҷа, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ҷамбаст гардида, ба 537,2 млн. долл. ИМА баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,2 фоиз кам мебошад. Ин раванд, пеш аз ҳама, дар натиҷаи коҳишёбии талабот ба маҳсулоти воридотӣ, аз ҷумла маводи сохтмон, маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ, маҳсулоти маъданӣ, инчунин нисбатан зиёд гардидани ҳаҷми содирот ва коҳиш ёфтани қурби пули миллӣ ба миён омад.
Хадамоти матбуоти
БМТ